Озмун барои офаридани муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе
Опубликовано пн, 16/04/2018 - 12:39 пользователем tvt
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирони бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек – Нуриддин Абударҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ дар боғи ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» озмуни кушод гузаронида мешавад.


Паҳлавони ҷавони тоҷик Ёқубҷон Назиров 14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардид.
17 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон баргузор мегардад.