Ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе муайян гардиданд
Опубликовано сб, 21/04/2018 - 13:38 пользователем tvt
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе доир гардид. Мусобиқаи мазкурбахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт роҳандозӣ шуда, дар он беҳтарин варзишгарони қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок намуданд.


Имрӯз, 21 апрел, фазои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе қабои идона ба бар дорад, зеро дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, сокинони Душанбе Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Ин сана ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад.
Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким меёбад.