Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Давлати Фаластинро ба ҳузур пазируфт
Опубликовано сб, 04/04/2020 - 11:26 пользователем admin
3 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.



