Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев
Опубликовано чт, 15/03/2018 - 11:00 пользователем tvt
15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.


Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 14 марти соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.