Суханронии Пешвои миллат ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
Опубликовано вс, 25/03/2018 - 19:07 пользователем tvt
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям.


Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба