Хабар

ММД ба 32,4 миллард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод

Бонки миллии Тоҷикистон  соли равон сиёсати пайгирона ва мутавозуни пулию қарзӣ ва асъории худро барои нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

Ду шабакаи телевизионии нав — «Илм ва табиат», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис меёбанд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав тамоми низомномаву лоиҳаи он таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.

ФУТБОЛ. Аҳтам Назаров ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт

Бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назаров, ки дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Страницы