Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд
Опубликовано чт, 24/09/2020 - 13:34 пользователем adminДар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Восеъ Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук дар масоҳати 0,37 гектар сохта шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад.


