Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано вт, 29/09/2020 - 22:23 пользователем admin
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


Субҳи имрӯз дар синни 86 файласуфи машҳур, муҳаққиқи фарзонаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академик Мӯсо Диноршоев аз олам даргузашт.