ТАСС: Интихоботи Президентии Тоҷикистон дар фазои ором ва идона доир гардид
Опубликовано пн, 12/10/2020 - 10:22 пользователем admin
Интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, дар фазои ором, бидуни ҳодисаи фавқулода ва дар фазои идона гузашт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода хабар додааст.



Дар интихоботи президенти Тоҷикистон дар участкаи интихоботии Сафорати ҷумҳурӣ дар Москва беш аз 90% аз шумораи умумии интихобкунандагон овоз доданд. Дар ин бора 11 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ба ТАСС хабар додааст.