ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон коҳиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст
Опубликовано ср, 16/12/2020 - 16:25 пользователем admin
Тайи як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд ягон нафар бо бемории коронавирус ё пневмония бистарӣ нашудааст, хабар медиҳад «Sputnik» бо истинод ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақа.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд тақрибан 600 нафар барои ташхиси коронавирус санҷида шуданд.



Ҳукумати Япония дар доираи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ҷиҳати мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад. Кумаки мазкур 600 млн. йени япониро дар бар гирифта, он ҳамчун маблағи грантӣ маҳсуб мешавад.