Хабар

Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад

20-21 марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва 24 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» баргузор карда мешаванд.

Зиёда аз 184 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин мешаванд

Зимни татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳот ва беҳдошт дар ноҳияи Восеъ моҳи декабри соли 2020 сохтмони  маҷмааи обтаъминкунӣ барои деҳаҳои ноҳия оғоз ёфт. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи мазкур  аллакай 56 фоизи  корҳои сохтмону васлкунӣ ба анҷом расидаанд.

Страницы