Хабар

Раиси нави Бонки миллӣ талош дорад болоравии нархҳо дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-ро барои баррасӣ ба палатаи поёнии Парлумон пешниҳод кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Ба гуфтаи Холиқзода, коршиносон асосан ба масъалаи дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори дохилии истеъмолӣ таваҷҷуҳ намудаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҷаласаи онлайнии 36-уми вазирони COMCEC Тоҷикистонро намояндагӣ намуд

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин  Ҷӯразода дар ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC), ки  25-26 ноябр дар Анқара дар сиғаи онлайн ба таври фосилавӣ доир гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  намояндагӣ намуд.

150 ширкати Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи универсалии «Made in Tajikistan — 2020» дар шакли онлайн намоиш медиҳанд

Нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайни «Made in Tajikistan — 2020» 26 ноябр дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Страницы