Хабар

Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар Тошканд 4 медали тилло ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки 4-6 июни соли равон  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори  22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд.

Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба Муъминобод расид

Корвони  китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Муъминбод расид. Ин  шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуровро комиссияи босалоҳият қабул ва рақамгузорӣ карда, ба ҳар як оилаи ноҳияи мазкур  ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тақдим  намуда истодааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд тавассути қатора ба Россия биоянд: қоидаҳои нави вуруд

Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба Россия на танҳо тавассути ҳавопаймо, балки ба  тариқи роҳи оҳан низ бираванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik» хабар медиҳад, дар ин бора  дирӯз муовини сарвазири Федератсияи Россия Марат Хуснуллин иттилоъ додааст.

Страницы