Хабар

Дар коргоҳҳои шаҳри Гулистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуд ба роҳ монда шудааст

Давоми шаш моҳи соли 2021 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи беш аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 96,7%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,3%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва бахши соҳибкорӣ мансуб аст.

Мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаи «Times Kuwait» бознашр гардид

11 июл рӯзномаи «Times Kuwait» мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ки дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бо забони англисӣ бознашр намуд. 

Дар Тоҷикистон беш аз 421 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории сироятии COVID-19 фаро гирифта шуданд

То  16 июл дар Тоҷикистон 421 ҳазору 832 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории сироятии COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксина то санаи зикргардида ба  20 ҳазору 190 нафар шаҳрвандони мамлакат гузаронида шуд.

Страницы