Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.

Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад.

Қитъаи Бохтар — Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро арз менамоям.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.

Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.

Страницы