Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Роштқалъа ба истифода супориданд
Опубликовано вт, 28/09/2021 - 12:54 пользователем admin28 сентябр дар ноҳияи Роштқалъа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо санъати баланд бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи Парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозияш 8 метр мебошад.