Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Опубликовано пт, 29/11/2024 - 08:23 пользователем tvtДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.