Хабар

Муҳлати номнависӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе то 20 майи соли 2022 тамдид гардид

ТВТ. 11.05.2022. Бино бар дархости ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) муҳлати номнависӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе то 20 майи соли 2022 тамдид карда шуд.

Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022» муаррифӣ гардид

ТВТ: 11.05.2022. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 ширкати сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022», ки аз 9 то 12 май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён мегирад, муаррифӣ доранд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором вохӯрии фосилавӣ анҷом дод

ТВТ. 11.05.2022. 10 май вохӯрии фосилавии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) хонум Армида Салсия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы