15 июл иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Опубликовано чт, 14/07/2016 - 08:20 пользователем tvtИҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 15 июли соли 2016 соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад. Дар ин бора 1 июл қарори дахлдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 14-15 июли соли 2016 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид, боридани борон ва шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.