Ифтитоҳи бинои истиқоматии 12 - ошёна бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Опубликовано вт, 21/06/2016 - 12:21 пользователем tvtАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир мавриди истифода қарор дод.
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонию савдо аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сурайё Уроқова бо харҷи наздики 27 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.