Намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ
Опубликовано ср, 17/08/2016 - 11:59 пользователем tvtШоми 16-уми август дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба иштирокчиёни намоиш маҳсули дасти чакандӯзону заркорони шаҳри Кӯлоб, адрасбофони ноҳияи Восеъ, намунаи гулдӯзиҳои халқии ноҳияҳои Муъминободу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиёну Ҷайҳун ва Бохтару Ҷалолиддини Балхӣ писанд омад.


Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 августи соли равон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» баргузор гардид.
Шоми имрӯз соати 19:05 бо вақти Душанбе гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба гурзандозӣ тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат меварзад.