Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот кард.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

23 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд

23 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид.
Дар фурудгоҳи Тошканд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Страницы