Пахши онлайни барномаи фарҳангии театрикунонидашуда бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолият
Опубликовано пт, 09/09/2016 - 17:29 пользователем tvt
Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми имрӯз, соати 19:00 аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизонӣ мустақиман пахш мегардад.


Бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар хиёбони Исмоили Сомонӣ намоиши дастовардҳои даврони истиқлолият аз тамоми корхонаву ташкилот ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба намоиш гузошта шуд.