Норак: Мулоқот ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ
Опубликовано пт, 14/10/2016 - 16:15 пользователем tvt13 октябри соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади баррасӣ намудани мавзӯъҳои мубрами рӯз бо аҳолии чамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ, амалишавии қонунҳо ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.


«Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодии давраи гузариш ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид.