Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонон дар Булғористон ширкат меварзанд
Опубликовано сб, 06/08/2022 - 11:25 пользователем tvtТВТ.06.08.2022. Аз 15 то 21 август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Дар он се нафар гӯштингирон аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.