Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳамкориву шарикии созанда тақозои замон аст»
Опубликовано пн, 28/11/2016 - 16:25 пользователем tvtПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Саммити оби Будапешт изҳор кард, ки ба Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудани масъалаҳои сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об, ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли ахири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.



28-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.