В. Путин ва Б. Асад созиши оташбас дар Сурияро баррасӣ намуданд
Опубликовано пт, 30/12/2016 - 12:16 пользователем tvtПрезиденти Россия Владимир Путин ва Президенти Сурия Башор Асад зимни суҳбати телефонӣ созиши оташбас дар Сурия ва гузариш ба раванди сиёсиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
Зикр мешавад, ки роҳбари Сурия ба созиш баҳои баланд дода, баҳри риояи он изҳори омодагӣ кард.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушунидҳои Остона доир ба ҳалли мусолиматомези Сурия «қадами муҳиме дар роҳи ниҳоии ҳалли буҳрон хоҳад буд».