«Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» дар намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо-2017» соҳиби медали тилло шуданд
Опубликовано пн, 13/02/2017 - 12:18 пользователем admin
Дар доираи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои «Продэкспо-2017» озмуни байналхалқии «Маҳсулоти беҳтарин-2017» доир гардид, ки дар он аз байни 105 ширкат маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005»- обҳои ташнашикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло шуданд.


Ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи бехатарии сейсмикиро қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 13 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.
Гумрукчиёни тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон аз қочоқи мошини гаронарзиш ба Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Зимни гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser-200» рақами қайди давлатиаш Н842 СО 0777-ро боздошт намуданд. Мошини мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии