Хабар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад: дар рӯзҳои боридани барф дар роҳҳо эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар то 20 феврал дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид боқӣ монда, боришоти зиёд — дар водиҳо борони пуршиддат ва дарозмуддат, дар ноҳияҳои кўҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад

Варзишгарони тоҷик ба Австрия мераванд

Як гуруҳи 12 нафараи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ, ки аз 14 то 26 марти соли равон дар шаҳри Гратси Австрия баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии Қоҳир Расулзода бо Туғрул Туркеш

Имрўз Қоҳир Расулзода,Сарвазири кишвар бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Йилдирим Туғрул Туркеш мулоқот анҷом додааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ кардаанд..

Страницы