Хабар

Агентӣ: Дар Рӯзи модар ҳавои гарм дар назар аст

Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзи 8 марти соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво 8 март аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво то 13 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Бинои ҳукумати Мавсил аз дасти террористон озод карда шуд

Нерӯҳои таъйиноти махсуси артиши Ироқ муваффақ шудаанд, ки бинои ҳукумати вилояти Найнаво дар шаҳри Мавсилро аз нав ба даст бигиранд.

Страницы