Неругоҳи барқии деҳаи Андарбаки водии Язгулом баъди навсозӣ бо иқтидори бештар ба кор андохта шуд
Опубликовано вт, 14/03/2017 - 13:01 пользователем tvt
Неругоҳи хурди барқии Андарбаки водии Язгулом ягона манбаи таъминкунандаи сокинони ин водӣ бо неруи барқ мебошад. Ду сол пеш бар асари обхезию ҷорӣ шудани сел бинои асосӣ, шабакаи обрасонӣ ва чархҳои неругоҳ шадидан осеб дида, боиси аз фаъолият бозмондани ин неругоҳ гардид.


Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақсади таъмин кардани сокинони шаҳри Хоруғ бо манзил ва муҳайё намудани хизматрасонии маишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ маҳаллаи нав бунёд карда мешавад. Ин маҳалла дар дашти Тем, дар канори бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки аз маркази шаҳр 4 километр дур аст, ҷой гирифтааст.
Бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.