Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал (U-20) муайян гардиданд
Опубликовано пт, 31/03/2017 - 11:35 пользователем tvt
Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал(U-20) баъди қуръакашие, ки 30 март дар пойтахти Таиланд-шаҳри Бангкок барои нахустин Чемпионати Осиё гузаронида шуд, муайян гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи ин қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ветнам, Япония, Тайбейи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил шуд.


Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 28 марти соли 2017 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» ба тасвиб расид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар ифтитоҳи анҷумани адабию фарҳангии дуюми «Дорайн», ки зери мавзӯи «Муассисаҳои фарҳангии давлатию хусусӣ: корҳои анҷомёфта ва уфуқҳои оянда» дар шаҳри Даммом, маркази минтақаи шарқии Шоҳигарӣ баргузор гардид, ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.