Дар Душанбе Намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон доир мешавад
Опубликовано вт, 11/04/2017 - 12:14 пользователем tvt
Дар доираи тавсеаи равобити мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт-90» намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспорт» аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд.


Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.