Гузоштани санги асоси бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Опубликовано пт, 28/04/2017 - 10:58 пользователем tvtДар ноҳияи Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 73 маркази таълими калонсолон имкон дорад кадрҳои баландихтисоси касбӣ ва мавриди ниёзро барои интиқол ба Ҷумҳурии Корея омода намояд,-зикр намуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода зимни мулоқот бо Вазири шуғл ва ме