Ҳавои номусоид дар қаламрави ҷумҳурӣ то охири ҳафта боқӣ мемонад
Опубликовано пт, 28/04/2017 - 11:48 пользователем tvt
Ҳавои номусоид дар қаламрави ҷумҳурӣ имрӯз, 28 апрел низ боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе борони шиддатнок дар назар аст.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, дар мамлакат пастшавии ҳарорати ҳаво мушоҳида карда шуда, дар баландии зиёда аз 2500 метр борон ба барфи тар мубаддал мегардад.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шиносоӣ пайдо намуданд.
Субҳи имрӯз соати 04:25 аз тарафи танзимгари Ширкати IRS маълумот гирифта шуд, ки дар километри 47-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мошини боркаши тамғаи «Volvо», таҳти идораи марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар натиҷаи бархӯрд ба кўҳ ба садама дучор шудааст.