Бахшида ба 26-солагии Истиқлолият: Озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе
Опубликовано сб, 12/08/2017 - 11:21 пользователем tvt
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Қарор дар бораи баргузор намудани озмунҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 11 август ба тасвиб расид.


Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Соли ҷавонон 12 август дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон 3-юмин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор мешавад.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну