Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен
Опубликовано пн, 28/08/2017 - 15:51 пользователем tvtҲамчунин имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи саҳроии «Лоҳур»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 130 нафар донишомӯзони курси якуми Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд.