Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Опубликовано ср, 30/08/2017 - 20:41 пользователем tvt
Шоми рӯзи 30 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.


Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт сокинонро огоҳ мекунанд, ки дар рӯзи Иди Қурбон забҳ намудани чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда қатъиян манъ буда, барои ин кор ҷарима пешбинӣ шудааст.
4 сентябр бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, дар «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин семинари ҷумҳуриявии китобдорони ҷавон дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» баргузор мегардад.