Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Опубликовано ср, 13/09/2017 - 08:19 пользователем tvtАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст санги асос гузоштаанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмони варзишгоҳ пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад.