Хабар

БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик соҳиби боз 3 медали тилло шуданд

Шоми дирӯз дар рӯзи даҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо соҳиби 3 медали тилло шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи даҳуми мусобиқот 2 медали тиллоро аз намуди гӯштини самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова аз намуди кикбоксинг сазовор шуд.

Дар Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид

 25 сентябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Дар кори он Раиси шаҳр, муовинони раис, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Суҳбат аз боби мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Чораҳои муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар бораи фаъолиятҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва манбаъҳои маблағгузории он» бо иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдор ҷаласа баргузор шуд.

Страницы