Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ «Барги Шоҳтут» оғоз бахшиданд
Опубликовано пт, 27/06/2025 - 09:27 пользователем tvtДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” оғоз бахшиданд.
Корхонаи “Барги Шоҳтут” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва шароити мусоид барои тақвияти рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини бозору содироти маҳсулот аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Моҳпарӣ Саидҳасанова бунёд шудааст.

