Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
Опубликовано чт, 02/11/2017 - 13:38 пользователем tvtМуҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Сафари расмии муҳтарам Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаамон рӯйдоди муҳим мебошад.
Натиҷаҳои он бори дигар азми ҷонибҳои роҳбарияти ду давлатро дар такони нав бахшидани ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунанд.
Дар доираи муколамаи сиёсиамон мо вазъ ва дурнамои маҷмӯи тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ намудем.


1 ноябри соли равон мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари «Россотрудничество» Фролов Алексей Владимирович ва намояндаи Шӯрои Федератсия Кондратев Алексей Владимирович баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.