Хабар

«ҶОМИ ПОЯГУЗОРОНИ САМБО». Акмалиддин Каримов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардид

ТВТ.13.09.2022. Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми поягузорони самбо», ки 10-11 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни 58кг медали тилло ба даст овард.

«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»». Дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад

ТВТ.13.09.2022. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11-12 октябр дар мавзӯи «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи мазкур.

Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

ТВТ.13.09.2022. Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Узбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Страницы