Хабар

Оғози сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

9 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алия, ки ба хотири ташрифи Сарвари давлати Тоҷикистон бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои « Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2018-2020 тасдиқ намуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 тасдиқ намуд.

Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 11 моҳи соли 2017 ба 9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллиард сомонӣ ё 1,5 маротиба зиёд аст.

Страницы