Хабар

Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 5 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ оварда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Соли 2017 дар вилояти Суғд 63 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд

 Соли 2017 дар доираи эълони Соли ҷавонон дар вилояти Суғд 63 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла, 9 толори варзишӣ, 51 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки бештари ин иншоот асосан дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Гулистон, Истаравшан, Исфара ва Хуҷанд ифтитоҳ гардиданд, ки аз шумораи умумӣ 13-тои он дар маркази вилоят ҷойгиранд.

Страницы