Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Опубликовано сб, 17/09/2022 - 10:29 пользователем tvtТВТ. 17.09.2022. Ба ҳолати соати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.