Хабар

Аввали ҳафтаи оянда мардуми Тоҷикистон ин иди зебо ва бостонии худро таҷлил мекунанд

Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст.

«Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон»-ҳамоиш дар ноҳияи Нуробод

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки занону духтарони фаъоли ноҳия таҳти унвони «Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод Шаҳнозаи Шукрихудо иттилоъ дод.

Бозрасии давлатии автомобилӣ дар 3 рӯз беш аз 2 ҳазор ҳуқуқвайронкуниро ба қайд гирифт

Ҳафтаи сипаришуда кормандони  Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ як зумра корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд.

Страницы