Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст

Имрӯз, 18 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда мешаванд.

Ба 175 нафар варзишгарон дараҷа ва унвонҳо тақдим гардиданд

Тибқи  қарори комиссияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 нафар варзишгарон  соҳиби дараҷа ва унвони «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.

Страницы