Ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ гардид
Опубликовано сб, 03/02/2018 - 11:00 пользователем tvt
2 феврал Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Де Кершов дар дафтараш дар Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.
Ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.


30 январи соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид.