Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Қатар
Опубликовано пн, 26/03/2018 - 09:42 пользователем tvtРӯзи 22 марти соли 2018 сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Давҳа чорабинии муштараки фарҳангиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ташкил намуданд. Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои илмию фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Қатар ширкат варзиданд.